ҚАЗОҚИСТОН БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИИ ҶТ ТАВАҶҶӮ&#

Ноябрь 18, 2008 15:15

          Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба андешаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, дар давоми 15 соли охир захираҳои меҳнатии кишвар 57 фоиз афзудааст, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар доираи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, теъдоди муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳурии мо дар хориҷи кишвар ба 650 ҳазор нафар мерасад. Аз рӯи нишондодҳои ғайрирасмӣ бошад, ин рақам бештар аст.  Ҳар сол аз ҷумҳурӣ  ба тариқи мавсимӣ аз 800 ҳазор то як миллион нафар ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия зиёда аз 93 %-ро ташкил медиҳад. Солҳои охир ба қувваи корӣ Ҷумҳурии Қазоқистон низ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, ки айни ҳол қариб 3 % — и муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар ин ҷумҳурӣ кору  зиндагӣ  доранд.

Ноябрь 18, 2008 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид