ҚИСМЕ АЗ МУҲОҶИРОНИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҶОИ ХАВФНОК МОНДАНД
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ 930 оила ҳамчун муҳоҷирони экологӣ бояд аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешуданд. Аз ҷумла аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 150 оила, вилояти Хатлон -230, вилояти Суғд- 260 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -290 оила бояд ҷои манзили худро дигар мекарданд,вале дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 436 оилаи муҳоҷирони доихилӣ (ихтиёрӣ) кӯчонида шудаанд. Асосан аз шаҳри Роғун-30 оила, ноҳияи Варзоб — 70, Рашт- 27, Дарвоз — 17, Данғара -150, Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ-67 ва ноҳияи Ғончӣ 75 оила аз ҷойҳои зисти пештараашон ба ҷои бехавф кӯчонида шудаанд. Аз оилаҳои кӯчонидашуда танҳо ба 117 оила маблағи қарзи имтиёзнок ба миқдори 175 ҳазору 500 сомонӣ тавассути бахшҳои «Амонатбонк»-и шаҳру ноҳияҳо пардохт карда шуд. Бо сабаби нарасидани қарзҳои имтиёзнок имкони кӯчонидани ҳамаи муҳоҷирони дохилӣ нашуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






