ҚОҲИР РАСУЛЗОДА: «МУҲИДДИН ХУҶАЗОД КӮҲИ СУХАНРО КАНДААСТ

Ноябрь 29, 2008 10:43

                   Суғд, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Дар «Маркази ҷавонон»-и вилояти Суғд шаби эҷодии Арбоби Ҳунари Тоҷикистон — нависанда Муҳиддини Хуҷазод баргузор гардид. Маҳфили навбатии «Суханварони Суғд» ба эҷодиёти ин адиби номӣ- муаллифи асарҳои безаволи сегонаи «Об рӯшноӣ», «Кӯҳ бе варта нест» ва «Барқи дили Сангтӯда» бахшида шудааст.                  Дар ин маҳфил гурӯҳи адибон бо сарварии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ ширкат варзиданд. Меҳрномаи раиси вилоят Қоҳир Расулзодаро ба унвони адиби номӣ — Муҳиддини Хуҷазод муовини раиси вилоят профессор Ваҳоб Набиев қироат намуд. Дар меҳрнома раиси вилоят алоҳида қайд кардааст, ки «М.Хуҷазод на танҳо кӯҳи сангро кандааст, балки кӯҳи суханро канда, дар дилаш наҳр ба вуҷуд овардааст, онро саршор аз об намудааст».                 Дар маҳфили номбурда 70-солагии Муҳиддин Хоҷазод қайд карда шуд. Аз тарафи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба адиб медали «Нишони сухан» тақдим карда шуд. Ҳунармандони Театри халқии шаҳри Конибодом порчае аз «Охирин рӯзи биноӣ»-и ӯро намоиш доданд. Ровии хушбаён Осими Оқил як ҳикояи адибро ба тариқи моноспектакл муаррифӣ намуд. Инчунин, саҳначаи ба зиндагиномаи Лоиқ Шералӣ бахшидаи адиб — «Ману дарё» намоиш дода шуд. Дар охир нависанда суханронӣ карда, ба роҳбарияти ҷумҳуриву вилоят миннатдорӣ баён намуд.

Ноябрь 29, 2008 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид