ҚОСИМ ҚОСИМОВ БА «ҶАҲОНИ КАБУД» КОНСЕРВА МЕБАРАД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). – Мувофиқи маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ, ки моҳи феврали соли 2009 дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон таҳти унвони «Ҷаҳони кабуд» доир мегардад, даъват шудааст. Даъват ба чунин намоишгоҳи бузурги байналмилалӣ обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи кишоварзӣ миёни садҳо давлатҳои ширкаткунанда бараъло нишон медиҳад. Бо супориши вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, то 25 – уми январ намунаи ҳамаи маҳсулоти кишоварзӣ дар шакли хушку тар ва консерва барои пешниҳод ба намоишгоҳ тайёр карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






