ҲАМКОРИИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ ДАР ТАФТИШИ ФАЛОКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОҲО

Ноябрь 28, 2008 10:29

         Душанбе, 28  ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). –Дар  пойтахти  Белорусия —  Минск   маҷлиси  гурӯҳи   коршиносони  ИДМ баргузор  мегардад. Дар он  лоиҳаи  созишномаи  такмилдодашудаи  ҳамкории мамлакатҳои  аъзои  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  дар  тафтиши  фалокатҳои  ҳавопаймоҳо  мувофиқа  карда  хоҳад  шуд.            Аз  дафтари  матбуоти  Кумитаи  иҷроияи   ИДМ   ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  созишнома  муносибати  ягонаи  мамлакатҳои  ИДМ – ро   дар  бобати  ташкили  тафтиши  фалокатҳои ҳавоӣ  новобаста   ба  маҳалли  рух  додани онҳо  пешбинӣ  менамояд. Ҳадафи  тафтиши  чунин  фалокатҳо  муқаррар  намудани  сабабҳои он ва  таҳияи  тавсияҳои  аз  рӯи  натиҷаҳои тафтиш  мебошад.        Қайд  карда  мешавад, ки  ҳар гуна мурофиаи  судӣ ё  маъмурӣ бо  мақсади  муайян  кардани  гунаҳкорон  ба  таври  алоҳида  гузаронида мешавад. 

Ноябрь 28, 2008 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид