ҲИФЗИ ХОК БО ИСТИФОДА АЗ ПИСТАИ ЭРОНӢ

Ноябрь 11, 2008 11:17

          Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ  «Ховар»,  Лаззат Диловарзод).- Дар Пажӯҳишгоҳи хокшиносӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар шароити хоки хокистарии равшан кишти самараноки гандуми тирамоҳӣ бо истифодаи усули коркарди ҳадди ақали хок,  дар майдони 300 га замини хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ноҳияҳои Панҷ, Бохтар ва Қубодиёни вилояти Хатлон, ки олимони пажӯҳишгоҳи мазкур пешниҳод намудаанд, ҷорӣ карда шуд. Аз шаш навъи  гандуми дар қитъаҳои таҷрибавии ин ноҳияҳо киштшуда се навъи он; «Шарора», «Ласточка» ва «Норман» барои кишт дар ин заминҳо тавсия карда шуд.  Ҳамзамон, дар шароити хоки хокистарии тираи ба эрозия гирифторшудаи мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон барои ҳифзи хок дар масоҳати 2,5 километр зинаҳои сунъии нишебиҳо бо истифода аз навъҳои пистаи эронӣ зинабоғҳо бунёд карда шуданд.

Ноябрь 11, 2008 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад