ҲОСИЛИ БАЛАНД ВОБАСТА АЗ КОРҲОИ ХУБИ АГРОТЕХНИКИСТ

Ноябрь 7, 2008 14:20

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ  «Ховар»,  Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Сайидмурод Баҳриддинов, то 3 – юми  ноябри соли ҷорӣ ҳосили умумии ғалладона дар вилоятҳои ҷумҳурӣ ба 418 ҳазору 181 тонна расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 524 тонна зиёд мебошад.                Дар даҳ моҳи соли 2008  ғаллаи истеҳсолкардашудаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 8754 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ба андозаи 1110 тонна кам аст.                 Дар вилояти Суғд дар ин муддат 66 ҳазору 333 тонна ҳосили ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 30 ҳазору 988 тонна камтар аст.                Дар вилояи Хатлон бошад, баръакс, соли ҷорӣ ба миқдори 238 ҳазору 170 тонна ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  104 ҳазору 894 тонна ғалла ҷамъоварӣ карда  шудаааст, ки дар маҷмӯъ  нисбат ба соли гузашта ба миқдори 32 ҳазору 622 тонна зиёд мебошад.Ин аз самаранок истифода шудани замин ва гузаронидани корҳои хуби агротехникӣ дар ин минтақаҳои ҷумҳурӣ  дарак медиҳад.  

Ноябрь 7, 2008 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд