ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ АМАЛӢ ШУДАНИ БОЗ ЯК БАРНОМАРО ДАСТГИРӢ НАМУД
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Дар Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои амалӣ шудани «Барномаи беҳтар намудани чарогоҳҳои ҷумҳурӣ барои солҳои 2009 — 2015» 300 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ намуд. Беҳтар намудани чарогоҳҳои ҷумҳурӣ яке аз роҳҳои асосии мустаҳкам намудани базаи хӯроки чорво ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки мутахассисони Вазорати кишоварзӣ «Барномаи беҳтар намудани чарогоҳҳои ҷумҳурӣ барои солҳои 2009 — 2015» — ро ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намуданд. Пешниҳод аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






