ҶАМОАТИ ИҶОРАНИШИН БЕ ДАФТАРИ КОРӢ ЧӢ КОР КУНАД?
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи котиби Ҷамоати деҳоти Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Оишамоҳ Гадоалиева, дар ҳудуди ҷамоати мазкур 900 хоҷагӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аҳолии онҳо ба 7 ҳазору 500 нафар мерасад. Дар ҷамоати мазкур аз сабаби набудани корхонаҳо даромади буҷаи маҳаллӣ хеле ночиз аст ва он барои таъмири чанд синфхонаи як мактаб ҳам намерасад. Бинои ин ҷамоат соли 1932 сохта шуда бошад ҳам, бо сабаби камбуди буҷа то имрӯз онро аз нав сохтан муяссар нагардидааст. Мактаби рақами 1-и ҷамоати мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Идораи Ҷамоати деҳоти Тусиёни ҳамин ноҳия бошад, дар бинои хоҷагии деҳқонӣ ба таври иҷора ҷой гирифтааст. Пас, вақте ки худи кормандони ҷамоат дафтари корӣ надоранд, чӣ тавр метавонанд ба корҳои хоҷагӣ, тибу маорифи дар ҳудудашон буда роҳбарӣ намоянд? Ба қавли Оишамоҳ Гадоалиева, маблағе, ки Сарвари давлат барои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷудо намудааст, раисони ҷамоатҳои деҳоти вилоятро дилпур месозад, ки камбудиҳоро ислоҳ намоянд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






