ҶАМШЕД ИСМОИЛОВ: «ДАР СОХТМОНИ «РОҒУН» САҲМИ ХУДРО МЕГУЗОРЕМ!»

Ноябрь 11, 2008 11:27

              Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 10-уми  ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Роғун  ҳунармандони Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертии назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади болидахотир намудани сохтмончиёни нерӯгоҳи барқӣ-обии «Роғун» консерти идона доир намуданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» директори Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертии назди Вазорати фарҳанги ҶТ Ҷамшед Исмоилов хабар дод, дар консерт ҳунармандон ва овозхонҳои маъруфи гурӯҳҳои оркестрии «Гулшан» ва дастаи рақсии «Ҷаҳоноро»  бо барномаи нави ҳунарӣ баромад намуданд. «Иттиҳодияи мо ният дорад, ки  дар оянда аз ҳисоби маблағҳои аз консертҳо бадастомада дар сохтмони нерӯгоҳи барқӣ- обии «Роғун» саҳми худро гузорад», — зикр намуд Ҷамшед Исмоилов. Инчунин, дар ҷараёни сафар аз ҳисоби ҶСШК «Матбуот» ба китобхони НБО «Роғун» зиёда аз сад нусха китоб супорида шуд.   

Ноябрь 11, 2008 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст