442 СОКИНИ ТОҶИКИСТОН МАҶРӮҲ ВА 351 НАФАР ҲАЛОК ШУДААНД

Ноябрь 24, 2008 16:43

        Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Аз моҳи марти соли 2008 то имрӯз дар Тоҷикистон 873 ҳазору 593 метри мураббаъ (зиёда аз 87 га) замин аз 2666 мина ва 363 муҳимоти нотаркида тоза карда шудааст.        Муовини сардори Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо Парвиз Мавлонқулов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аз оғози барнома (соли 2003) то имрӯз зиёда аз 2 миллиону 140 ҳазор метри мураббаъ (214 га) замин аз 7243 минаю 1795 муҳимоти нотаркида тоза гардидааст. Аз соли 1992 то имрӯз дар натиҷаи бархӯрд бо мина 442 нафар сокини Тоҷикистон маҷрӯҳ ва 351 нафар ҳалок гаштааст. Аз он 8 нафарашон кормандони маркази мазкур мебошанд, ки 2 нафари онҳо ҳалок ва 6 нафарашон маҷрӯҳ гардидаанд.        Дар вилояти Суғд, дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон то имрӯз 81 нафар маҷрӯҳ шуда, 70 нафар фавтидаанд. Дар вилояти Хатлон 48 нафар маҷрӯҳ ва 39 нафар ҳалок, ВМБК — 63 нафар маҷрӯҳ ва 40 нафар ҳалок, дар ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ — 209 нафар маҷрӯҳ ва 198 нафар ҳалок гардидаанд.       Имрӯзҳо гурӯҳҳои безарарсозии мина дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шӯробод кор карда истода, гурӯҳҳои тадқиқотӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тадқиқот мебаранд.

Ноябрь 24, 2008 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд