53 ҲАЗОР КӮДАК ЗАҲРОЛУД ШУД, 4 НАФАР ФАВТИД
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти ғизоӣ барои кӯдакон манъ карда шуд. Тибқи иттилои сардухтури Маркази ҷумҳуриявӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ Самариддин Алиев, аз рӯи ахбори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳодисаи заҳролудшавии кӯдакон аз ҳисоби шир, маҳсулоти ширӣ ва қаннодии ширдор, ки дар таркибашон моддаи зараровари «меланин» илова гардидааст, ба қайд гирифта шудаст, ки дар натиҷаи истифодаи он 53 ҳазор кӯдак заҳролуд шуда, чор кӯдаки дигар фавтидаанд. Барои саривақт пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳо миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ «Дар бораи манъ намудани маҳсулоти хӯроквории Ҷумҳурии мардумии Чин, ки дар истеҳсолоти он шири чинӣ истифода бурда мешавад» қарор бароварда шудааст. Баҳри пурзӯр намудани назорат дар ин самт ва иҷрои қарор, он ба ҳамаи марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояту шаҳру ноҳияҳо равона карда шуд. Тибқи дархости Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор марказҳои савдои шаҳри Душанбе хариди санҷишӣ гузаронида, сифати шири дар он марказҳо фурӯхташавандаро мавриди ташхис қарор дод. Дар натиҷа 84 килограмм аз ин навъи маҳсулот, ки ба талаботи меъёрӣ ҷавобгӯ набуд, фурӯшаш манъ карда шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






