АҲОЛӢ АЗ ОБ ТАНҚИСӢ МЕКАШАД, ИДОРАИ ОБ ҚАРЗАШРО НАМЕПАРДОЗАД
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи раиси Идораи фаръии обу корези шаҳри Кӯлоб Исмон Ризвонов, истифодабарандагони оби нӯшокӣ аз идораи мазкур ба миқдори 1 миллионуну 450 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд. Идораи обу корез бошад, бо айби сокинони шаҳр аз идораи фурӯши барқ наздик ба 600 ҳазор сомонӣ қарзҳои худро пардохта наметавонад. Идораи фурӯши барқи шаҳр бо сабаби хунукназарии корхонаҳои дар шаҳр буда, ба хусус, муассисаи обу корез ба буҷаи шаҳр маблағи пешбинишударо ворид карда натавонист. Ҳамзамон, 75 фоизи аҳолии шаҳр аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашад ва муаммои ба манзили зисти шаҳрвандон расонидани оби нӯшокӣ ҳалшуданӣ нест.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






