«АГРОИНВЕСТБОНК» ТАРЗИ ПУР КАРДАНИ АСНОДИ БОНКИРО ШАРҲ МЕДИҲАД?

Ноябрь 25, 2008 16:45

        Душанбе. 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — ҶСК «Агроинвестбонк» барои мизоҷони худ Маркази робита боз намуд.       Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, аз ин баъд мизоҷони бонк ба суолҳои худ доир ба хизматрасониҳои бонкӣ, макони ҷойгиршавии шӯъбаҳои бонк, нуқтаҳои интиқоли маблағ, ҷойгиршавии банкоматҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳашон метавонанд тавассути телефони 600-68-68 ҷавоб бигиранд.       Кормандони бонки мазкур ба мизоҷон тарзи пур кардани асноди бонкӣ ва истифодаи онро дақиқ шарҳ хоҳанд дод. Мизоҷон ҳамчунин метавонанд оид ба низоми мавҷудаи интиқоли маблағ ва ҳама гуна намудҳои хизматрасонии бонкӣ маълумоти мушаххас гиранд.       Бояд зикр намуд, ки ин навъи хизматрасонии тозаи бонк бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва дастрасии бештари мардум ба маълумот оид ба бонк пешниҳод гардидааст.

Ноябрь 25, 2008 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд