АЛИСОВ МУҲОҶИРОНИ КОРИИ ТОҶИКРО БА САМАРА МЕБАРАД
Душанбе, 10 ноябр. (НИАТ «Ховар», Марзия Саидова).- Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии сардори маркази иттиҳоди ҷамъиятӣ-машваратии назди Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Федералии шаҳри Самараи минтақаи Поволжскийи Русия Н. Алисов рӯзҳои наздик ба Душанбе меояд. Дар назар аст, ки гурӯҳи корӣ бо роҳбарият ва масъулини Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориро бо сохтори марбутаи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Тибқи иттилои нозири калони гурӯҳи матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ВКД Раҷаббек Илёсов, дар ҷараёни мулоқот масъулини сохторҳои зикргашта масъалаҳои барои муҳоҷирони кории тоҷик омода намудани шароити мусоиди кору зист, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин ифтитоҳи маркази қабул барои ҷобаҷокунӣ, гирифтани иҷозатнома барои кор ва додани иттилои лозимӣ дар минтақаи Поволжскийро муҳокима намуда, қарорҳои дахлдор қабул хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






