АМАЛИ СЕ ИҶОЗАТНОМАИ «ТК МОБАЙЛ» ҚАТЪ КАРДА ШУД

Ноябрь 27, 2008 08:14

        Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ амали се иҷозатномаи ҶСП «ТК Мобайл» — ро ба мӯҳлати се моҳ боз дошт.        Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти мазкур иброз доштанд, ин қарор дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» 26 – уми ноябри соли 2008 то 3 – юми феврали соли 2009 боз дошта шуд.        Ширкати «ТК Мобайл» вазифадор карда шуд, ки то мӯҳлати нишондодашуда камбудиҳои ҷойдоштаро доир ба фаъолияти иҷозатномаҳои зикргардида бартараф намуда, аз натиҷааш ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ахборот ирсол намояд. Қарори мазкур дар ҳузури намояндаи «ТК Мобайл» хононда шуд. Нусхаи қарори мазкур ба Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти андоз фиристода шуд.  

Ноябрь 27, 2008 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад