АМРИКО БАРОИ РАҲОӢ АЗ БӮҲРОНИ МОЛӢ 800 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ҶУДО КАР
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Амрико барои раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ ба ширкатҳову бонкҳои худ 800 миллиард доллари дигар кӯмак мекунад. Бештари ин маблағи кӯмак, яъне беш аз 500 миллиард доллар барои ангезиши системи қарздиҳии бонкҳои ИМА пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки беш аз 200 миллиарди дигар барои пешбурди бозорҳои манзил ва молиёти кишвар тахассус дода мешавад. Аз рӯи иттилои расонаҳои хабарӣ дар давоми ду моҳи охир бори дуввум аст, ки мақомоти ин мамлакат барои раҳоӣ аз бӯҳрон ба системи молии худ кӯмак мекунад. Як моҳ қабл барномаи 700-миллиард долларие барои кӯмак ба бонкҳову ширкатҳои молии ИМА роҳандозӣ шуда буд. Мақомоти ИМА итминон доранд, ки чунин барномаҳо барои наҷоти кишвар аз бӯҳрони шадиди молӣ мусоидат хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






