АЗ ҲИСОБИ БУҶА 95,5 ТОННА ГАНДУМИ «КРАСНОДАР» ХАРИДОРӢ ШУД

Ноябрь 18, 2008 15:29

            Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев, Вазорати кишоварзӣ аз Кооперативи истеҳсолии Латиф Муродови ноҳияи  Ҳисор аз ҳисоби маблағи буҷа 95,5 тонна тухмии гандуми навъи «Краснодар» харидорӣ намуда, бо мақсади зиёд кардани захираи тухмӣ онро ба хоҷагиҳои тухмипарвари ҷумҳурӣ тақсим намуд. Дар навбати аввал ин тухмӣ ба хоҷагиҳои ноҳияҳои Б.Ғафуров ба миқдори 14 тонна, Ғончӣ -10, Шаҳристон- 10, Айнӣ -11, Панҷакент-8, Истаравшан- 6, Раёсати кишоварзии вилоят- 21,  ноҳияи Тавилдара -15 ва ба хоҷагии деҳқонии Ғулом Мирзои ноҳияи Ҳисор ба миқдори 0,5 тонна барои кишти тирамоҳӣ тақсим карда дода шуд. Дар рӯзҳои наздик тақсимоти тухмӣ ба ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар мешавад.  

Ноябрь 18, 2008 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид