АЪЗОИ ШӮРО ЛОИҲАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ СОЛИ 2009 -РО МУҲОКИМА КАРДАНД
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», Дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011 аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат 10-уми ноябр баррасӣ гардиданд. Аз рӯи масъалаҳои зикргардида, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод, буҷет, молия ва андоз Гулчеҳра Бозорова ва раиси Комиссияи назорати дастур ва ташкили кори палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Сайвалӣ Нуров ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи қонунҳои марбута ба рушди иқтисодиёти миллӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии табақаҳои гуногуни ҷомеа мусоидат менамоянд. Дар ҷаласа ҳамчунин тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва додани иҷозатномаҳои махсус барои интиқоли ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, эталонҳо, воситаҳои ченкунӣ ва намунаҳои стандартӣ, ки бо мақсади тафтиш ва аттестатсияи метрологӣ интиқол дода мешаванд, аз 10 –уми феврали соли 1995 муҳокима гардид.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






