БА ҲУНАРНАМОИИ ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИК БАҲОИ БАЛАНД ДОДАНД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Дар пойтахти Норвегия – шаҳри Осло бахшида ба омӯзиш ва дарки мероси адабии мутафаккири бузурги тоҷику форс Ҷалолиддини Румӣ ҷашнвораи дуюми байналхалқӣ баргузор гардид. Ҳадафи ҷамъомад истифодаи мероси адабии шоир барои татбиқи ғояҳои сулҳ ва инсондӯстӣ дар ҷаҳони имрӯза мебошад. Дар ҷашнвора олимон, арбобони ҳунар, овозхонон ва мутрибон ширкат варзиданд. Ҳайати Тоҷикистон дар ин ҷашнвора таҳти роҳбарии раиси Бунёди байналхалқи фарҳанги ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Мунира Шаҳидӣ ширкат варзид. Ба қавли ӯ, ба туфайли ин ҷамъомад ҳамкории олимону мутахассисони донишгоҳҳо ва муассисаҳои фарҳангии Норвегия, Тоҷикистон, Эрон, Миср, Ирландия ва Англия бештар вусъат хоҳад ёфт. Иштирокчиёни ҷамъомад ба ҳунарнамоии ҳунармандони тоҷик баҳои баланд доданд.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






