БА КОРМАНДОНИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ЁРИИ МЕТОДӢ РАСОНИДА ШУД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). – Дар Сарраёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд бо иштироки сардорони раёсат ва сармутахассисони шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо семинар доир гардид. Семинар роҷеъ ба иҷрои фармони Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ «Дар бораи тадбирҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 — юми июли соли 2008» баргузор шуд. Кормандони Сарраёсати ҳифзи иҷтимоии вилоят бо мақсади расонидани ёрии методӣ ба шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, шаҳри Конибодом, Исфара ва шаҳри Истаравшан дидан карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд






