БА МАҲКАМАИ ТАФТИШОТИИ №2 КӮМАКИ ҲУКУМАТИ ҶТ ЛОЗИМ АСТ
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Моҳи майи соли 2007 дар шаҳри Хуҷанд сохтмони варзишгоҳ барои 25000 тамошобин оғоз шуда буд. Фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят аст. Аз аввали сохтмон то 1-уми ноябри соли 2008 арзиши корҳои иҷрошуда зиёда аз 6,5 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар солҳои 2007 ва 2008 маблағи пешбинишуда 9 млн. сомонӣ мебошад. Аз он ҷумла, аз ҳисоби буҷети вилоят 6 миллион сомонӣ, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудo карда шудааст. Дар иншооти мазкур пудратчиёни асосӣ ҶСК «Хуҷандсоз» ва ҶС «Суғдсохтмон» мебошанд. Ҳоло дар иншоот корҳо барои насбсозии нишастгоҳҳои шарқӣ 100 %, шимолӣ — 90 %, таҳкурсии нишастгоҳҳои ғарбӣ -100 % ва рехтани шоҳсутунҳо — 40 % амалӣ шудаанд. Инчунин, барои тезонидани кор дар иншооти гирду атрофи варзишгоҳ, ташкилотҳои пудратии ҶC «Суғдсохтмон» ҷалб карда шудаанд. Ҳоло ташкилотҳои пудратӣ барои оғози корҳои сохтмону васлкунии корти теннисӣ, pоҳ ва ободонии гирду атрофи маҷмааи варзишӣ омодагӣ дида истодаанд. Дар ҳамин ҳол, масъалаи кӯчонидани бинои Маҳкамаи тафтишотии (СИЗО) №2-и Шӯъбаи корҳои ислоҳотии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, ки дар ҳалли он кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ зарур аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






