БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ СММ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН МУАЙЯН ШУДАНД

Ноябрь 28, 2008 14:28

        Вашингтон, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар» — Нюс Ру Ком). – Созмони  Милали  Муттаҳид номи  7  нафар   барандаи  ҷоизаро  дар  соҳаи  ҳифзи  ҳуқуқи  инсон  дар  соли 2008 эълон  намуд. Онҳо комиссари  собиқи  олии  СММ  дар  масъалаи  ҳуқуқи  инсон  Луиз  Арбур,  вакили  дифои Президенти  собиқи  ба қатл расонидашудаи  Ироқ  Садом  Ҳусейн  Рамсей  Кларк ва  сарвазири  собиқи  Покистон,  раиси  ҳизби  халқии  ин  мамлакат Беназир  Бҳутто  мебошанд. Ҷоизаи  СММ  ба  Б.Бҳутто   баъди  маргаш  сазовор  дониста шуд. Инчунин  рӯҳонизани  амрикоӣ  Дорота  Станг  низ  баъди  маргаш   ба  ин  ҷоиза  сазовор  гардид.  Ӯ    моҳи  феврали  соли 2005  дар  Бразилия  кушта  шуда  буд. Фаъолияти  Д.Станг  дар  масъалаи  ҳифзи  ҷангалзори  тропикӣ  сабаби  норозигии заминдорон  ва  дарахтбуррони  маҳаллӣ  гардид.   Ҷоизаи  СММ   дар  соҳаи  ҳифзи  ҳуқуқи  инсон  инчунин  насиби  ҳомии  ҳуқуқ аз  Ямайка Каролин Гомес,  директори шифохонаи  ҳарбии  шаҳри Букаваи  Ҷумҳурии  Конго Денис  Муквага  ва Созмони  ғайриҳукуматии  «Ҳифзи  ҳуқуқи  инсон»  гардид. Барандагони  ҷоизаи  СММ аз  байни  189 номзад  интихоб  карда шуданд.           Ҷоизаи  СММ 10  декабри соли равон  дар  ҷамъомади  бахшида  ба  60 – солагии  қабули  Эъломияи  умумиҷаҳонии  ҳуқуқи  башар  супорида  мешавад. Ҷоизаи  мазкур  соли  1966  таъсис  дода,  ҳар  панҷ  сол  як  маротиба  ба  одамон  ва  созмонҳое, ки  дар  бобати  ҳифзи  ҳуқуқи  инсон  саҳми  бузург  гузоштаанд,  дода  мешавад. Ҳамсари  Президенти собиқи  ИМА Элеонора  Рузвелт,   пешвои  сиёҳпӯстони  амрикоӣ,  Роҳбари  ҷунбиши  ҳифзи  ҳуқуқи  сиёҳпӯстон  Мартин Лютер  Кинг,  Кумитаи  байналхалқии  Салиби  Сурх,  муборизи  фаъоли  зидди  поймол  кардани  ҳуқуқи  инсон  дар  Ҷумҳурии  Африқои  Ҷанубӣ  Нелсон  Мандела,  Президенти  собиқи  ИМА  Ҷимми Картер ва дигарон  аз ҷумлаи  барандагони  ҷоизаи  СММ  дар  солҳои  гуногун  мебошанд.

Ноябрь 28, 2008 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад