БАРНОМАҲОИ ИҚТИСОДӢ БАРОИ СОЛИ 2020 МУАРРИФӢ ШУДАНД

Ноябрь 8, 2008 11:38

               Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 7-уми ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Сарчашмаҳои мӯътамади рушди иқтисодӣ барои давраҳои солҳои 2009-2020» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини аввали вазири иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Амонулло Ашӯр, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод Неъматҷон Бӯриев, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ иштирок намуданд.               Дар мизи мудаввар чор барномаи Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла барномаҳои «Хоҷагии халқ: дурнамо ва мушкилот», «Меморандуми иқтисодии мамлакат», «Ислоҳоти бахши ҳавопаймоӣ» ва «Баҳои политикон ва рушди соҳавии мамлакат» аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шуд.               Барномаи «Хоҷагии халқ: дурнамо ва мушкилот» имконоти интихоби озоди хоҷагиҳои деҳқониро барои истеҳсолот, коркарди маҳсулоти кишоварзиро дар Тоҷикистон, вусъат додани бахши қарзҳои хурду миёна ва роҳ ёфтани маҳсулоти ватанӣ ба бозори ҷаҳониро дар бар мегирад.              Инчунин, барномаҳои дигар низ ба рушди соҳаҳои мазкур ва таҳкиму густариши онҳо равона шудаанд.

Ноябрь 8, 2008 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд