БАРОИ БОҒДОРОНИ БАДАХШОН ҲОЛО ҲАМ ФОИДАИ НОЧИЗ МЕМОНАД
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бадахшон макони беҳтарини парвариши зардолу ва чормағз аст. Дар ин ноҳияҳо қариб 40 навъи зардору парвариш меёбад, ки беҳтарин навъи онҳо сафедак, дарагӣ, равшаналӣ, мамаднурӣ, гулаи балх, маъмурӣ ва исфарагӣ мебошанд. Дар таркиби меваи зардолуи Бадахшон қанд ва оҳан нисбати зардолуи манотиқи дигар зиёд аст. Солҳои охир майдони боғҳои зардолу хеле зиёд гардид, вале барои вилоят ва боғдорон то ҳоло ҳам фоидаи ночиз мемонад. Зеро ҳосили ин боғҳо коркард нашуда, дар бозорҳои маҳаллӣ танҳо як қисмати ками он дар мавсими пухтани мева ба фурӯш бароварда мешавад. Қисми зиёди ҳосил бо сабаби истифода накардани технологияи хушккунии он дар дохили боғҳо мепӯсад, ё дар рӯи сангу бом аз ҳарорати офтоб сӯхта, сифаташро пурра аз даст медиҳад. Бисёр хуб мешуд, агар нисбати ин масъала Ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ меандешиду дар худи вилоят корхонаи коркарди ин намуди меваҳо ба роҳ монда мешуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






