БАРОИ САРТРЕНЕРҲО КУРСИ 12-РӮЗА ТАШКИЛ КАРДА МЕШАВАД
Хоруғ, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев).- Бо соҳиб шудан ба истиқлолияти комил, Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо намуд, ки дар самти равнақ бахшидани соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дар ҳамкорӣ бо давлатҳои дигари ҳамсоя ба дастовардҳои назаррас ноил шавад. Тавре аз Раёсати маорифи ВМКБ иттилоъ доданд, Донишкадаи такмили маълумоти касбии вилоят тасмим гирифтааст, ки дар асоси Созишнома оид ба «Ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат, тандурустӣ ва маориф байни Ҳукумати Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Вилояти Бадахшони Давлати Исломии Афғонистон» аз 13 то 16-уми ноябри соли 2008 дар шаҳри Хоруғ семинар гузаронад. Инчунин, аз 18 то 29-уми ноябри соли ҷорӣ дар асоси лоиҳаи «Пешбурди кори лабораторияи кимиёвӣ-биологӣ» барои сартренерони маҳаллаҳои Ишкошим, Вахон ва Зебоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон курси 12-рӯза ташкил карда мешавад. Семинарро беҳтарин коршиносони Донишкадаи такмили маълумоти касбии вилоят ва шоистатарин омӯзгорони макотиби миёна мегузаронанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






