БИНОИ АСОСИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББӢ ПАГОҲ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Маросими ба истифода додани бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯали ибни Сино пагоҳ 25 ноябр баргузор мегардад. Дар он кормандони муассисаҳои тиббии тамоми шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат, инчунин донишҷӯён ширкат меварзанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат барои барқарор сохтани бинои донишгоҳ бештар аз 14 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Бинои донишгоҳро, ки соли гузашта дар натиҷаи сӯхтори шадид нобуд гардида буд, коргарону мутахассисони ташкилотҳои бинокории «Авторем», «Асос» ва «Сомон- сохтмон» барқарор намуданд. Инчунин донишҷӯёни донишгоҳ дар барқарор сохтани бино саҳми калон гузоштанд. Ёдовар мешавем, ки 26 декабри соли гузашта дар натиҷаи сӯхтор масоҳати бештар аз 9 ҳазор метри мураббаъ бинои донишгоҳ нобуд гардида буд. Донишҷӯён асарҳои олимон, ганҷинаи китобхона ва бойгонии донишгоҳро аз сӯхтор наҷот доданд. Бинои донишгоҳ соли 1939 сохта шудааст ва яке аз иморатҳои кӯҳнатарини пойтахт ба шумор меравад.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






