БО ИҶОЗАТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ҲОКИМИЯТИ МАҲАЛЛӢ БИНО СОХТАНД
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Нақшаи генералии маркази ноҳияи Дарвоз соли 1975 аз тарафи Пажӯҳишгоҳи лоиҳасозии «Гипрострой» дар масоҳати 12 га таҳия шудааст. Афзуншавии аҳолӣ ва рушди шаҳрсозиро ба инобат гирифта, соли 1985 ҳамин пажӯҳишгоҳ дар мавзеи Дашти Лучи ноҳия нақшаи генералиро дар масоҳати 80 га таҳия карда буд. Вале соли 1992 сохтмони он қатъ гардид. Имрӯзҳо қад-қади шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ аз ҷониби шаҳрвандон бе лоиҳа, вале бо иҷозати ғайриқонунии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дӯкону мағозаҳои хусусӣ сохта шудааст. Бояд зикр намуд, ки дар Дашти Луч бе хулосаи ташхиси лоиҳа сохтмони канал идома дорад. Сохтмони Қасри фарҳанги ноҳия бе хулосаи мусбати давлатии лоиҳа ва бе иҷозатномаи назорати сохтмонӣ оғоз карда шудааст. Сохтмони Маркази саломатӣ дар деҳаи Ширги ноҳия низ бе ташхиси лоиҳа, бе таҳкурсии мувофиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






