БОДИ БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ СӮИ ТОҶИКИСТОН МЕВАЗАД

Ноябрь 14, 2008 16:37

            Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо сабаби шиддат гирифтани бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва кам шудани талабот ба қувваи корӣ, теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба соли 2007 коҳиш ёфт.              Аз рӯи бозгашти садҳо нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз Федератсияи Русия ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маълум мегардад, ки дар ин кишварҳо ҳам эҳтиёҷ ба қувваи корӣ кам шуда, сафи муҳоҷирони меҳнатии бекор зиёд мегардад.             Лозим ба ёдоварист, ки танҳо соли 2007 тавассути бонкҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ интиқол дода шудааст.              Дар се моҳи охир тавассути бонкҳо ба ҷумҳурӣ нисбат ба моҳҳои август- октябри соли 2007 50 млн. доллар кам маблағ ворид шудааст.

Ноябрь 14, 2008 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид