БОДИ БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ СӮИ ТОҶИКИСТОН МЕВАЗАД
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо сабаби шиддат гирифтани бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва кам шудани талабот ба қувваи корӣ, теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба соли 2007 коҳиш ёфт. Аз рӯи бозгашти садҳо нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз Федератсияи Русия ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маълум мегардад, ки дар ин кишварҳо ҳам эҳтиёҷ ба қувваи корӣ кам шуда, сафи муҳоҷирони меҳнатии бекор зиёд мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки танҳо соли 2007 тавассути бонкҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ интиқол дода шудааст. Дар се моҳи охир тавассути бонкҳо ба ҷумҳурӣ нисбат ба моҳҳои август- октябри соли 2007 50 млн. доллар кам маблағ ворид шудааст.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






