БОРИ АВВАЛ РӮЗИ ТУРИЗМ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД

Ноябрь 27, 2008 12:28

            Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Имсол дар  мамлакатҳои аъзои  Созмони ҳамкории иқтисодӣ 28 ноябр бори аввал Рӯзи туризм таҷлил карда мешавад. Созмони мазкур айни ҳол Афғонистон, Эрон, Покистон, Туркия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро  муттаҳид менамояд. Қарори таҷлили Рӯзи туризм ба наздикӣ дар маҷлиси вазирони  туризм ва  муассисаҳои  сафару сайёҳати мамлакатҳои аъзои созмон қабул гардид, ки дар Эрон баргузор гардид. Дар ин маҷлис аз Тоҷикистон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирок дошт. Дар ҷараёни таҷлили Рӯзи туризм  ҳар сол дар яке аз мамлакатҳои аъзои созмон ҷашнвораи туризм гузаронида мешавад. Ин ҷашнвора имсол дар Эрон баргузор мегардад. Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон 28 — уми ноябр бахшида ба Рӯзи туризм дар шаҳри Душанбе  мизи мудаввар ташкил хоҳад кард.

Ноябрь 27, 2008 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид