БОРОНГАРИҲОИ РӮЗҲОИ ОХИР КИШТРО БА ТАЪХИР АНДОХТ
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи сардори кишоварзии ноҳияи Ваҳдат Ҷамолиддин Сафаров, кишти тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ (фермерӣ)-и ноҳия аз сабаби боронгариҳои рӯзҳои охир ба таъхир афтод. Тибқи дурнамои истеҳсолӣ, соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар масоҳати 4 ҳазору 936 гектар кишти тирамоҳӣ, аз ҷумла кишти гандум гузаронида мешавад. То 10- уми ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар масоҳати 2663 гектар гандум кишт карда шудааст, ки ин баробар ба 56 фоизи дурнамо мебошад. Ҳоло дар хоҷагии «Ленин»-и ноҳия дар майдони 160 га, хоҷагии кооперативии истеҳсолии «Шоразми Боло» -122 га, «Аввалмурод Кенҷаев»- 108, хоҷагии «Карим Исмоилов» -105 ва хоҷагии деҳқонии «Сомониён» дар масоҳати 110 га кишти тирамоҳии гандум анҷом додаанд, ки ин нисбат ба дурнамои истеҳсолии ин хоҷагиҳо хеле кам аст. Кишоварзони ноҳия азм доранд, ки баробари беҳ шудани вазъи обу ҳаво кишти тирамоҳиро то 25-уми ноябр пурра ба охир мерасонанд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






