БОЗ 5 КОРХОНАИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ БА КОР МЕДАРОЯД
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ муовини вазир Сиҷовиддин Исроилов, сардори Раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбӯриасалпарварӣ Музаффар Мирзоев ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон» Машокир Назаровро вазифадор намуд, ки то охири соли ҷорӣ барои ташкили боз 5 корхонаи паррандапарварӣ чораҳои зарурӣ андешанд.Тибқи нақша, ин корхонаҳои нави паррандапарварӣ дар ноҳияҳои Ваҳдат, Файзобод, Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Кӯлоб ба кор дароварда мешаванд. Боиси зикр аст, ки ҳоло дар 16 корхонаи паррандапарварии ҷумҳурӣ беш аз 150 млн. дона тухм истеҳсол карда мешавад.








Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид






