БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ СОЛИ 2009 БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ РАВОНА ГАРДИДААСТ

Ноябрь 12, 2008 14:52

              Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-12-уми ноябри соли 2008 дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» бо райъи 55 вакил қабул гардид. Дар ҷаласа Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ва роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар иштирок доштанд.             Масъалаи мазкурро вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов шарҳ дода, гуфт, ки Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллии кишвар, хусусан ба сохтмони иншоотҳои азими аз лиҳози стратегӣ муҳим- иншооти гидроэнергетикӣ, саноат, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, туннел, роҳҳои автомобилгард нигаронида шудааст.             Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2009 барои сохтмони НОБ-ҳои «Роғун» -533 миллион сомонӣ, «Сангтӯда-2»- 21,3 миллион сомонӣ, барои корҳои лоиҳакашии НОБ-и «Шӯроб» 5 миллион сомонӣ, маориф- 1 миллиарду 140 миллион сомонӣ, тандурустӣ- 396 миллион сомонӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ -353 миллион сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия -488 миллион сомонӣ, сохтмон ва хоҷагии коммуналӣ- 268 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ -937 миллион сомонӣ, рушди иқтисодиёти Вилояти Мухтории Кӯҳистони Бадахшон- 52,4 миллион сомонӣ, ҳифзи муҳити зист -11,5 миллион сомонӣ, барои фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон- 74 миллион сомонӣ, барои хароҷоти пардохтҳои фоизи қарзҳои берунӣ -805 миллион сомонӣ ва қарзҳои асосӣ -104 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад. Барои пардохтҳои қарзҳои дохилӣ бошад, 22 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Дар маҷмӯъ, хароҷоти давлатӣ бо назардошти хизматрасонии қарзҳои давлатӣ 6 миллиарду 215 миллион сомониро ташкил дода, касри васеи буҷети давлатӣ ба 207 миллион сомонӣ, ё ин ки ба 1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Ноябрь 12, 2008 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид