ДАР «АГРОИНВЕСТБОНК» МАРКАЗИ МАЪЛУМОТ КУШОДА ШУД

Ноябрь 28, 2008 10:19

        Душанбе, 28  ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова). – Дар  Ҷамъияти  саҳомии  «Агроинвестбонк» аз  моҳи  ноябр  сар  карда,  маркази  маълумот  ба  фаъолият  шурӯъ  намуд. Мизоҷон  ба  воситаи  он  ба  ҳамаи  саволҳояшон  роҷеъ  ба  фаъолияти  «Агроинвестбонк» ва  бонкҳои  дигари  мамлакат  маълумоти  зарурӣ   гирифта  метавонанд. Кормандони  Марказ  мизоҷонро  дар  муддати  кӯтоҳ  бо мутахассисони  соҳавӣ  мепайванданд.  Онҳо   ба  мизоҷон  сари вақт  маълумоти  зарурӣ  ва муфассал  медиҳанд. Дар  ин  ҷо  ба  забонҳои  тоҷикию  русӣ  маълумот  дода  мешавад. Ҳадафи  кушодани  маркази  маълумот  вусъат  додани  ҳаҷми  хизматрасонӣ,  дастраси  ҳамагон  гардонидани маълумот  дар  бораи  фаъолияти  бонк  ва  зиёд  намудани  теъдоди  мизоҷони он  мебошад.

Ноябрь 28, 2008 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид