ДАР БАДАХШОН ИНШООТРО АЗ РӮИ ВАРАҚ МЕСОЗАНД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ барои амалӣ намудани банди 5-и нақшаи чорабиниҳои Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.08.2008 с№53/оп дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ як қатор корҳоро ба сомон расонид. Санҷиши сифати корҳои иҷрошуда дар иншоотҳои сохташаванда ва рафти корҳои ободонӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳо нишон дод, ки дар 9 моҳи соли 2008 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сохтмони 93 адад иншооти хурду калон идома дорад. Аз он ҷумла, дар шаҳри Хоруғ 13 адад, ноҳияи Шуғнон-16 адад, Рӯшон-10 адад, Ванҷ-15 адад, Дарвоз -7 адад, Ишкошим -13 адад, Роштқалъа-15 адад ва ноҳияи Мурғоб-4 адад. Аз шумораи умумии иншооти сохташаванда 69 адади онҳо дорои лоиҳаи пурра буда, 24 ададашон аз рӯи варақ сохта мешаванд. 43 адади иншоот аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ба маблағи 18 миллиону 340 ҳазор сомонӣ, 19 ададашон аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 1 миллиону 271 ҳазор сомонӣ, 13 адад аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 2 миллиону 51 ҳазор сомонӣ ва 18 адади дигар аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ ба миқдори 987 ҳазор сомонӣ сохта шуда истодаанд. Ҳангоми санҷиш сифати корҳои сохтмонӣ дар иншоот, риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ дар асоси нақшаҳои генералии маркази шаҳру ноҳияҳои вилоят ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» дар маҳалҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






