ДАР БАХШИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ ҶОЙҲОИ 1 ВА 2 БА КАСЕ ДОДА НАШУД
Душанбе, 15 ноябр (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 14-уми ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маъракаи ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии рўзноманигорон — «Зиндагӣ бидуни маводи нашъадор» доир гардид. Тавре аз маркази матбуоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар бахши матбуоти чопӣ ҷойи аввалро Ҷумъабой Толибов гирифт, ки аз ҷониби ҳафтаномаи «Тоҷикистон» пешбарӣ шуда буд. Ҷойи дуюмро Ҳотами Ҳомид (ҳафтаномаи «Наҷот»), ҷойи сеюмро ду нафар — хабарнигори ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» Мукаммал Раҷабӣ ва мухбири маҷаллаи «Молодёж и ВИЧ/СПИД» Аслибегим Манзаршоева ишғол карданд. Дар бахши барномаҳои телевизионӣ бинобар пешкаш нагардидани маводи шоиста, ҷойҳои 1 ва 2 ба ҳеҷ кас дода нашуд. Ҷойи сеюм насиби муҳаррири телевизиони «Шабакаи аввал» Назокат Неъматова гардид. Дар бахши барномаҳои радиоӣ мақоми аввалро Саидҷаъфар Ашўров (радиои «Тоҷикистон»), мақоми дуюмро Азиза Носирова аз радиои «Ватан», ҷойи сеюмро Сафармо Буттабекова (радиои «Бадахшон») ва Анвар Ҳафизов (радиои «Хатлон») ишғол карданд. Ҳамчунин, Зинатулло Исмоилов (ТВ «Симои мустақили Тоҷикистон»), Тилав Расулзода (ҳафтаномаи «Нигоҳ»), Шодмон Карим (ҳафтаномаи «Озодагон») ва Кароматулло Аҳмадов (ҳафтаномаи «Тоҷикистон») бо мукофотҳои ҳавасмандгардонӣ қадр карда шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Итифоқи журналистони Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи Созмони ҳамкории Аврупо ва Барномаи рушди СММ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба зарари истеъмоли маводи нашъадор ва пешгирии интиқоли он аз тарафи ҷавонон эълон гардида буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






