ДАР БАЙНИ ЭРОН ВА ЧИН ТАВАССУТИ ҚАЛАМРАВИ ҶТ РОҲИ ОҲАН СОХТА МЕША

Ноябрь 29, 2008 12:51

                 Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ).- Тавре хабар дода шуда буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 ноябр барои боздиди дурӯзаи дӯстона ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафт. Вай зимни мулоқот бо Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод нақшаҳои ояндаи муносибатҳо ва ҳамкории ҳар ду кишварро баррасӣ намуд. Эмомалӣ Раҳмон Эронро шарики табиии стратегии Тоҷикистон номида, аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳо ва ҳамкории ҳар ду кишвар умуман изҳори қаноатмандӣ намуд.                Сардори давлати Тоҷикистон дар баробари ин вобаста ба суръати на он қадар калони сохтмони НБО «Сангтӯда -2» изҳори ташвиш намуд, ки рамзи муносибатҳои дӯстона ва иқтисодии Тоҷикистону Эрон мебошад. Зимни сӯҳбат зарурати тезонидани корҳои сохтмонӣ дар туннели «Истиқлол», оғози сохтмони туннели «Чормағзак» ва тартиб додани лоиҳаи сохтмони НБО «Шӯроб» таъкид гардид. Ҳар ду ҷониб бори дигар изҳор намуданд, ки ба сохтмони хати баландшиддати интиқоли барқ ва роҳҳои оҳану мошингард дар байни Тоҷикистону Эрон ба воситаи қаламрави Афғонистон манфиатдоранд.               Қайд карда шуд, ки Қирғизистон ва Чин ба нақшаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар бобати мавриди баҳрабардорӣ қарор додани захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ва сохтмони роҳҳои оҳану мошингард ҳамроҳ шуданианд. Дар фарҷоми мулоқот дар бораи сохтани силсилаи корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон, аз ҷумла, корхонаҳои тармими вагонҳои роҳи оҳан, фулузгудозӣ ва истеҳсоли чароғҳои барқии сарфакор паймон карда шуд. Ҳар ду ҷониб дар масъалаи бунёди Маркази муштараки зилзиласанҷӣ ва Маркази тиҷоратӣ дар Тоҷикистон қарор қабул намуданд.               Мусоҳибон изҳори ақида намуданд, ки мақомоти дахлдори ҳар ду кишвар дар бобати сохтмони минтақаҳои озоди иқтисодӣ бояд бештар ҳамкорӣ кунанд. Мавзӯъҳои тавсиаи равобити илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими гуфтушуниди сарони ҳар ду мамлакат буданд.               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар бо вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттақӣ, вазири мудофиаи ин мамлакат Мустафо Муҳаммади Наҷҷор ва вазири энергетикаи Эрон Парвизи Фаттоҳ мулоқот кард. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, ҳарбию техникӣ ва энергетикӣ баррасӣ шуданд. Қарор дода шуд, ки бо мақсади сохтмони роҳи оҳан дар байни Эрону Чин тавассути қаламрави Афғонистону Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин истифодаи муштараки захираҳои гидроэнергетикии минтақа мулоқоти сарони Тоҷикистону Эрон, Афғонистон ва мамлакатҳои дигар гузаронида шаванд.              Дар фарҷоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон Изҳороти муштараки сарони ҳар ду давлат дар бораи рушди муносибатҳои дуҷониба ва Меморандуми ҳусни тафоҳум дар соҳаи нақлиёт имзо шуданд. Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ширкати мошинсозии «Сайпа» шинос гардида, аз манораи баланди телевизионии «Бурҷи Мелод» боздид ба амал овард.             Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, Эрон аз ҷиҳати ҳаҷми хариди фурӯши мол бо Тоҷикистон баъди Русия, Нидерландия, Туркия, Чин ва Қазоқистон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Ноябрь 29, 2008 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид