ДАР БАЛҶУВОН ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИРО АЗ МАРДУМ МЕХАРАНД
Балҷувон, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Минтақаи туризми байналхалқӣ эълон гардидани ноҳияи Балҷувон ба вусъат ёфтани корҳои таъмиру барқарорсозӣ замина гузошт. Дар маркази ноҳия сохтмони муассисаҳои маорифу фарҳанг, меҳмонхонаю ошхона ва биноҳои маъмурӣ босуръат идома дорад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои обод намудани мавзеъҳои таърихӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда истодааст. Осорхонаи ноҳиявӣ бо маблағгузории ҳокимияти маҳаллӣ аз нав таъмир гардида, барои дастрас намудани ёдгориҳои таърихӣ аз сокинон ва дигар осорхонаҳои кишвар маблағи муайян ҷудо карда шудааст. Айни замон бо маслиҳати мутахассисон дар осорхона ёдгориҳои таърихӣ аз рӯи пайдоишашон ҷо ба ҷо гузошта шудаанд, ки аз таърихи бою рангини ин мавзеъ дарак медиҳанд. Хонаи фарҳанги ноҳия низ аз таъмир баромада, дар он як қатор барномаҳои фарҳангӣ гузаронида шуд. Бо муҳайё гардидани шароити мусоид, театрҳои ҷумҳурӣ бо барнома ва намоишномаҳои хеш ба ноҳияи Балҷувон сафар карда истодаанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






