ДАР БРИТАНИЯИ КАБИР НИКОҲИ МАҶБУРӢ МАНЪ КАРДА ШУД
ЛОНДОН. 27 ноябр. (АМИТ «Ховар» — Евронюс»). – Дар Британияи Кабир қонуне қабул шуд, ки никоҳи маҷбуриро манъ менамояд. Мувофиқи қонун падару модароне, ки фарзандонашонро маҷбуран хонадор мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, ба мӯҳлати то ду сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Бояд гуфт, ки никоҳи маҷбурӣ дар байни мусулмонони сокини Британияи Кабир ба ҳукми анъана даромадааст. Дар давоми соли равон ба политсия дар бораи никоҳи маҷбурӣ зиёда аз 1,5 ҳазор ариза ворид гардид. Вақтҳои охир таваҷҷӯҳи ҷомеа ба воқеаҳои худкушӣ бар асари никоҳи маҷбурӣ ҷалб гардидааст. Одатан ҷавононе, ки маҷбуран издивоҷ мекуннд, аз болои волидонашон ба политсия шикоят намекунанд. Вале онҳо ниҳоят бадбахтанд. Бинобар ин бисёр вақт ба ҷони худ қасд мекунанд.Ҷавонони миллатҳои дигар, аз ҷумла, мусулмонон, ки дар Британияи кабир таваллуд шуда, ба камол расидаанд, аз анъанаҳои никоҳи маҷбурӣ торафт бештар даст мекашанд. Дар ин бобат мақомоти муҳофизи қонун ба онҳо кӯмак мерасонанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






