ДАР ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА ШУД
Душанбе, 19 ноябр (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар хусуси соли оянда ҷашн гирифтани 50-солагии таъсисёбии иттифоқи эҷодии рўзноманигорон қарор қабул кард. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон хабар доданд, ин масъала дар Ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи журналистони Тоикистон, ки рўзи 17-уми ноябр баргузор гардид, баррасӣ шуд.Дар Ҷаласа барномаи чорабиниҳои ҷашнӣ муҳокима ва тасдиқ гашт. Ҳамзамон ба Низомномаи озмуни журналистон барои дарёфти Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2009 тағйирот ворид карда шуд. Бо назардошти хоҳиши роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар афзудани шумораи шабакаҳои радио ва телевизион, иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки барои ин ду бахш ҷоизаҳои алоҳида муқаррар гардад. Теъдоди умумии ҷоизаҳо ба чорто расонида шавад. Инчунин, тасмим гирифта шуд, ки ба муносибати санаи таърихӣ феҳристи лауреатҳои ҷоизаи Лоҳутӣ мураттаб гардад. Яке аз тадбирҳои дигар таҳия намудани китоби таърихи 50 — солаи иттифоқ мебошад, ки бояд саҳифаҳои муҳими фаъолияти созмон, симоҳои шинохтаи рўзноманигорӣ, ҷараёни таҳаввулоти иттифоқро дар тўли мавҷудияти нимасрааш фаро гирад. Дар ин робита, ташкил кардану гузаронидани силсилаи озмунҳо барои рўзноманигорон дар доираи панҷоҳ номинатсия дар назар аст, ки номгўи мавзўъҳояшон оянда дар матбуот чоп мешавад. Ба ифтихори солгард инчунин доир намудани нишасту ҳамоишҳои гуногуни журналистӣ, семинари илмӣ, силсилаи вохўриҳои эҷодӣ бо собиқадорон ва рўзноманигорони варзидаи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Журналист: дирўз, имрўз, фардо» ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






