ДАР ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА ШУД

Ноябрь 19, 2008 13:29

       Душанбе, 19 ноябр (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар хусуси соли оянда ҷашн гирифтани 50-солагии таъсисёбии иттифоқи эҷодии рўзноманигорон қарор қабул кард.       Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон хабар доданд, ин масъала дар Ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи журналистони Тоикистон, ки рўзи 17-уми ноябр баргузор гардид, баррасӣ шуд.Дар Ҷаласа барномаи чорабиниҳои ҷашнӣ муҳокима ва тасдиқ гашт. Ҳамзамон ба Низомномаи озмуни журналистон барои дарёфти Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2009 тағйирот ворид карда шуд. Бо назардошти хоҳиши роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар афзудани шумораи шабакаҳои радио ва телевизион, иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки барои ин ду бахш ҷоизаҳои алоҳида муқаррар гардад. Теъдоди умумии ҷоизаҳо ба чорто расонида шавад. Инчунин, тасмим гирифта шуд, ки ба муносибати санаи таърихӣ феҳристи лауреатҳои ҷоизаи Лоҳутӣ мураттаб гардад.  Яке аз тадбирҳои дигар таҳия намудани китоби таърихи 50 — солаи иттифоқ мебошад, ки бояд саҳифаҳои муҳими фаъолияти созмон, симоҳои шинохтаи рўзноманигорӣ, ҷараёни таҳаввулоти иттифоқро дар тўли мавҷудияти нимасрааш фаро гирад. Дар ин робита, ташкил кардану гузаронидани силсилаи озмунҳо барои рўзноманигорон дар доираи панҷоҳ номинатсия дар назар аст, ки номгўи мавзўъҳояшон оянда дар матбуот чоп мешавад. Ба ифтихори солгард инчунин доир намудани нишасту ҳамоишҳои гуногуни журналистӣ, семинари илмӣ, силсилаи вохўриҳои эҷодӣ бо собиқадорон ва рўзноманигорони варзидаи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Журналист: дирўз, имрўз, фардо» ба нақша гирифта шудааст.

Ноябрь 19, 2008 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид