ДАР ИТТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН «ДИДОР»-И АТО ҲАМДАМРО ДИДАНД

Ноябрь 27, 2008 08:11

        Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон китоби нави Ато Ҳамдам таҳти унвони «Дидор» муаррифӣ карда шуд. Бояд зикр намуд, ки китоби мазкур аллакай дар озмуни байналхалқии «Ҳусни китоб», ки ба наздикӣ дар шаҳри Маскав доир гардид, аз байни 250 китоб ба дарёфти ҷои 3-юм мушарраф шуда буд. Китоби мазкур асарҳои саҳнавии дар солҳои охир эҷодкардаи Ато Ҳамдамро дар бар мегирад.        Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» худи нависанда изҳор намуд, ӯ умед дорад, ки ояндаи наздик асарҳои саҳнавии эҷоднамудаашро дар саҳнаи театр хоҳад дид.       Нахустин песаи ӯ «Шаҳидони роҳи озодӣ» ном дошта, соли 1964 навишта шудааст. Ватанпарастии ӯ аз асарҳояш ҳувайдо буда, мазмуну моҳияти фалсафиро дорост. Асарҳои драммавии ӯ — «Роҳи дилҳо», «Пеш аз борон», «Шоҳроҳи абрешим» аз ҷумлаи ин асарҳоянд.

Ноябрь 27, 2008 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар