ДАР КӮЛОБ КОРХОНАҲО АЗ НАВ БА КОР ШУРӮЪ МЕКУНАНД

Ноябрь 22, 2008 11:35

               Кӯлоб, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Чанд сол муқаддам бо сабаби дарки нодурусти моҳияти хусусигардонии амволи давлатӣ ва аз истеҳсолот дур шудани мутахассисони соҳа, дар шаҳри Кӯлоб аксар корхонаҳои калони саноатӣ аз фаъолият боз монданд. Барои таъмини пешрафти соҳа ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинони шаҳр, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва соҳибкорони маҳаллӣ корхонаҳо аз нав ба кор шурӯъ намуданд.              Давоми ду моҳ аст, ки саноатчиёни шаҳр барои табодули таҷриба дар корхонаҳои саноатӣ семинар-машваратҳои омӯзишӣ доир менамоянд. Чунин як семинар дар корхонаи ресандагии «Кӯлоб-Текстайлз» баргузор гардид. Роҳбарияти шаҳр дар семинар таъкид дошт, ки бояд ба масъалаи истеҳсоли маҳсулот ва таъмини ҷойҳои нави корӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.              Бояд зикр намуд, ки корхонаи ресандагии «Кӯлоб-Текстайлз» соли 2001-ум ба фаъолият шурӯъ намуда, бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ дар як рӯз 4 тонна риштаи аълосифат истеҳсол менамояд, ки ин маҳсулот ба хориҷи мамлакат содир карда мешавад.              Масъулин қайд карданд, ки айни замон дар корхона 130 нафар мутахассис дар се баст ба кор фаро гирифта шудаанд.  

Ноябрь 22, 2008 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад