ДАР КОНИБОДОМУ КӮЛОБУ ТОҶИКОБОД КАЛОНСОЛОНРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАНД

Ноябрь 13, 2008 15:54

               Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Бино ба иттилои муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Н. Сангинов, соли ҷорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳуҳурии Тоҷикистон «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» таъсис дода шуд.               Бо мақсади таҳкими заминаи таълимии маркази мазкур, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони бекор дар асоси қарордодҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳамкории Техникии Олмон, Кумитаи имдод Имом Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Раёсат оид ба ҳамкорӣ ва рушди Туркия оғоз шудааст.                «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Конибодом, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва ноҳияи Тоҷикобод аз рӯи талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ мутахассисонро тайёр менамоянд.

Ноябрь 13, 2008 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид