ДАР НОҲИЯИ ВАХШ БЕМОРИИ ДОМАНА ПАҲН МЕШАВАД

Ноябрь 26, 2008 10:22

          Қӯрғонтеппа, 26  ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод  Сотиев). —  Дар  ноҳияи  Вахш  теъдоди  зиёди  одамоне    ба  қайд  гирифта  шудаанд, ки  ба  бемории  домана   гирифторанд. Сардухтури  ноҳия  Ҳамроқул  Одинаев  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  чунин  беморон  ҳанӯз  охири моҳи  октябр  дар  ҷамоатҳои  Роҳи  Ленин   ва  Тоҷикобод  ба  қайд  гирифта  шудаанд.  Вай  зикр  намуд, ки  айни  ҳол  ҳамаи  беморон  дар  шифохонаҳо   табобат  карда  мешаванд  ва  вазъи  саломатии онҳо  хуб  аст. Х.Одинаев  афзуд, ки  умуман   дар  ноҳия 60  нафар бемори  домана  ба  қайд  гирифта  шудааст. Имрӯзҳо  мутахассисони  соҳаи  тандурустӣ  дар  байни  аҳолӣ  дар  мавзӯъҳои  риоя  кардани  гигиенаи  шахсӣ,  тозагӣ,  истеъмоли  оби  тоза  ва  ғайра  сӯҳбату  мулоқотҳо  баргузор  месозанд. Ба  ақидаи  мутахассисон,   манбаи  асосии  паҳн  гардидани  беморӣ  оби олуда  мебошад.

Ноябрь 26, 2008 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд