ДАР ОЗАРБОЙҶОН МАСОИЛИ САРКАШӢ АЗ ПАРДОХТИ АНДОЗ МУҲОКИМА ШУД

Ноябрь 27, 2008 12:33

             Душанбе, 27  ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Мавҷуда  Давлатзода). – Дар  пойтахти Ҷумҳурии  Озарбойҷон  —  шаҳри  Боку  маҷлиси  15 –уми  шӯрои  ҳамоҳангсози  роҳбарони  муассисаҳои андози  давлатҳои  ИДМ  баргузор  гардид. Дар  он  намояндагони  Озарбойҷон,  Белорусия, Қазоқистон,  Молдавия,  Россия,  Тоҷикистон, Украина ва  Хадамоти   даромадҳои  давлатии  Латвияю  Эстония   иштирок  намуданд. Дар  маҷлис   намояндагони  Арманистон  ва  Қирғизистон  ширкат  наварзиданд.  Аъзои  Шӯро  маърӯзаи   раиси  Шӯрои  ҳамоҳангсози  роҳбарони  муассисаҳои  андози  давлатҳои  ИДМ – ро  «Дар  бораи  истифодаи   созишномаҳои  сарфи  назар  кардани  андозбандии  дубора  ва  пешгирии   саркашӣ аз пардохти   андоз  дар  давлатҳои ИДМ»  муҳокима  намуданд. Баъдан  дар  маҷлис  масъалаҳои  омӯзиши  тағйироти  қонунҳои  андози  давлатҳои  ИДМ,  мубодилаи  маълумот,  иваз  кардани таҷриба  дар  соҳаи ҷамъоварии андоз  баррасӣ  намуда,  самтҳои  асосии  фаъолияти  шӯро  дар  соли оянда   мувофиқа  карда шуданд. Маҷлиси  навбати Шӯрои  мазкур   нимаи  аввали  соли  оянда  дар  Федератсияи  Россия  баргузор  мегардад.       

Ноябрь 27, 2008 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид