ДАР ПОЙТАХТ МОНИТОРИНГИ ПАРДОХТИ АНДОЗ АЗ ЗАМИН БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД

Ноябрь 11, 2008 15:56

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи мақсаднок истифода намудани қитъаи замин дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахт яке аз масъалаҳои муҳиме буд, ки дар ҷаласаи назоратии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи ӯҳдадорони шаҳриву ноҳиявиро ба масъалаи мазкур ҷалб намуд. Ӯ ба мақомоти андози шаҳр дастур дод, ки барои ғанӣ гардонидани буҷаи пойтахт масъалаи мақсаднок ҷамъоварӣ кардани андозро  аз истифодабарандагони замин тақвият бахшида, мониторинги ҳолати пардохти саривақтии ин намуди андозро  ба роҳ монанд. Вай ҳамчунин ба мақомоти дахлдори назорати давлатӣ супориш дод, ки масъалаи иҷрои қарорҳои Раиси шаҳрро доир ба сохтмони манзили истиқоматии бисёрҳуҷрадор ҳолати риояи ӯҳдадории шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои ройгон ба мувозинаи моликияти коммуналӣ супоридани фоизҳои манзилҳои истиқоматӣ, мутаносибан дар ҳалқаи якум- 10% ва дуюм -5% мавриди санҷиш қарор диҳанд. Инчунин, бо мақсади рушди сохтмон дар пойтахт ба сохторҳои марбутаи шаҳр супориш дода шуд, ки ба хотири таъмини амнияти зисти сокинон ва пешгирии ба ҳолатҳои садамавӣ мувоҷеҳ гардидани сохтмонҳои тозабунёд назорати техникӣ бурда шавад. Таваҷҷӯҳи комиссияҳои давлатии қабули иншоот барои истифодабарӣ ба ин масъала нигаронида шуда, оид ба оқибатҳои санҷиши анҷомдода ҷавобгарӣ ва масъулияти шахсӣ доштани онҳо  аз ҷониби Раиси шаҳр махсус таъкид гардид.

Ноябрь 11, 2008 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид