ДУХТУР АЗ ДАЪВАТШАВАНДАҲОИ ҲАРБӢ 600 ДОЛЛАР ПОРА ГИРИФТ

Ноябрь 12, 2008 11:33

             Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо гумони гирифтани пора духтури беморхонаи мазкур, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд Абдулвосит Тағоеви 37-соларо дастгир намуданд.             Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки А. Тағоев дар баробари духтури беморхонаи марказии ноҳияи Б. Ғафуров будан, Раиси комиссияи тиббии даъвати ҳарбии ноҳияи мазкур мебошад.              Маълум гардид, ки А. Тағоев аз шаҳрвандон Комил Баротов ва Мавлон Умаров бемор бароварда, аз онҳо 600 доллари ИМА пора гирифтааст.             Айни ҳол нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, мавсуф дар маҳкамаи муваққатӣ нигоҳ дошта шудааст.

Ноябрь 12, 2008 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид