ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН БО РУСИЯВУ ЧИН РАҚОБАТ МЕКУНАД

Ноябрь 5, 2008 12:36

           Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҷумҳурии Исломии Эрон омода аст дар Тоҷикистон корхонаи муштараки тавлиди комбайн таъсис диҳад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Ширкати "Агротех Хуросон"-и Эрон Ҳамид Ризо Султонӣ. Тибқи гуфтаи ӯ, имрӯз, ки кишоварзони тоҷик аз комбайнҳои Ширкати  Русия ва Чин истифода мебаранд, ширкати Эрон низ омода аст дар ин бозор вориди рақобат шавад. Ҳамид Ризо Султонӣ зикр намуд, ки мошинҳои кишоварзии ширкати Эронӣ маводи сӯзишвориро кам истеъмол мекунанд ва нархашон низ арзон аст. Бинобар ин, тоҷирону кишоварзони тоҷик метавонанд тавассути ҳамкории "Агроинвестбонк"-и Тоҷикистон бо бонкҳои Эрон  барои харидории Комбайни модели "Ҷондиер"-и ин кишвар бо фоизи паст қарз гиранд.

Ноябрь 5, 2008 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид